Маросими бароат аз мушрикин имрӯз (шанбе) дар саҳрои Арафот бо қироати паёми Раҳбари муаззами инқилоб, хитоб ба ҳамаи мусалмонон ва ҳоҷиён баргузор шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёмашон ба зоирони Байтуллоҳилҳаром (Хонаи Худо) ойини бароатро, ки ба маънии безорӣ аз ҳамаи бераҳмиҳову ситамҳо ва зиштиҳову фасодҳои тоғутҳои ҳар замон ва истодагӣ дар баробари зӯргӯӣ ва боҷгирии мустакбирони давронҳост, яке аз баракоти бузурги ҳаҷ ва фурсате барои миллатҳои мазлуми мусалмон донистанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳим ва таъсиргузор дар абъоди сиёсии аркони ҳаҷ - баргузории маросими бароат аз мушрикин аст, ки нишонаи таваҷҷуҳ ба масоили башарӣ ва ба вижа таъкид бар иззат ва иқтидори уммати Ислом дар баробари мустакбирон аст.
Ҷаъфари Қаннодбошӣ, коршиноси масоили ҷаҳони Ислом мегӯяд, ҳаҷ бебароат маъное надорад ва дар воқеъ беҳтарин фурсате аст, ки мусалмонон дар мавриди ваҳдат миёни худ тафаккур ва аз душманон эъломи бароат кунанд. Дар ин маросим мусалмонон хашми худро нисбат ба хатарофаринони ҷаҳони Ислом эълом мекунанд.
Он гуна ки дар фарозе аз паёми Раҳбари муаззами инқилоб гуфта шудааст: “Имрӯз бароат аз ҷабҳаи ширк ва куфри мустакбирон ва дар раъси он Амрико, ба маънии бароат аз мазлумкушӣ ва ҷангафрӯзӣ аст, ба маънии маҳкум кардани конунҳои терроризм аз қабили ДИИШ ва Блаквотери амрикоӣ аст, ба безории уммати исломӣ бар сари режими кӯдаккуши саҳюнист ва пуштибонону кумаккунандагони он аст”.
Таъкид бар ин мазмунҳо ва мавзӯоти муҳиме, ки дар паёми Раҳбари муаззами инқилоб, хитоб ба зоирони Хонаи Худо қироат гардид, дарбаргирандаи маҷмӯае аз масоили сарнавиштсоз аст, ки таваҷҷуҳ ба он, ба вижа дар шароити ҳассоси кунунӣ, ки уммати Ислом аз ҳар сӯ мавриди таарруз ва таҳдиди душманон қарор гирифтааст, зарурӣ аст.
Амрико акнун ошкортар аз ҳамеша бо аҳдофе шайтонӣ муқобили уммати Ислом истода ва дар ҳоли фитнагарӣ ва тавтеа аст. Андешаҳои Амрико ҳамвора шайтонӣ буда ва дар ин замон бо шиддат ва доманаи васеътаре ба дунболи ҷангафрӯзӣ ва эътилофсозӣ барои ҷангафрӯзӣ дар ҷуғрофиёи ҷаҳони Ислом аст.
Бетардид муқобила бо ин ҷараёни мухарриб ниёзманди бедорӣ ва ҳушёрӣ аст. Паёми Раҳбари муаззами инқилоб дар ин хусус барои ин нукта таъкид дорад ва уммати Исломро ба ҳушёрӣ дар муқобили тавтеаҳои тафриқаафканонаи душманон фаро мехонад.
Он гуна ки дар фарозе аз паёми Раҳбари муаззами инқилоб гуфта шудааст: нухбагони ҷаҳони Ислом, ки ҷамъе аз онон аз кишварҳои мухталиф ҳамакунун дар маросими ҳаҷ ҳузур доранд, вазифае сангин ва бузург бар дӯш мекашанд. Ин дарсҳо бояд ба ҳиммат ва ибтикори онон ба маҷмӯаи миллатҳо ва афкори умумӣ мунтақил шавад ва доду ситади маънавии андешаҳо ва ангезаҳову таҷрибаҳо ва огоҳиҳо ба дасти онҳо иҷро шавад.
Аз ин дидгоҳ, баргузории маросими бароат аз мушрикин фурсате барои эъломи мавозеъ дар мавзӯоти нахусти ҷаҳони Ислом, ба вижа мавзӯи Фаластин аст.
Эшон дар паёмашон дар ин бора ёдовар шуданд, бузургтарин зулми қарнҳои хир дар Фаластин иттифоқ афтодааст. Дар ин моҷарои дардовар, ҳама чиз як миллат, сарзаминаш, хона ва заминаш, дороиҳояш, ҳурмату ҳувияташ мусодира шудааст.
Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин бо ишора ба тарфанди муомилаи қарн, ки ба василаи Амрикои золим ва ҳамроҳони хоинаш заминасозӣ мешавад, хотирнишон карданд: “Ин ҷинояте дар ҳаққи ҷомеаи башарӣ ва на фақат миллати Фаластин аст. Мо ҳамагонро ба ҳузури фаъол барои шикасти ин макру фиреби душман фаро мехонем ва ба хосту кумаки илоҳӣ онро ва ҳамаи тарфандҳои дигари ҷабҳаи истикборро дар баробари ҳиммат ва имони ҷабҳаи муқовимат маҳкум ба шикаст медонем”.
Бароат аз мушрикин дар воқеъ фурсате барои амал ба масъулиятҳои бузург ва баҳрагирӣ аз фурсатҳои камназир дар маносики ҳаҷ барои амал ба вазифаи фардӣ ва ҷамъии уммати исломӣ аст.
Аз ин рӯст, ки Раҳбари муаззами инқилоб мавсими ҳаҷ дар ҳар солро меъод ё ваъдагоҳи раҳмати парвардигор бар уммати исломӣ донистанд ва изҳор доштанд, ки ин фурсат дастоварди ҳаётӣ ва басе бузурги ҳаҷ аст, ки бо садҳо гирдиҳамоии марсум ва маъмул наметавон онро ба даст овард.
....................................................
End/ 257