Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба сиёсати ҷангафрӯзонаи Амрико дар миёни мусулмонон таъкид карданд, бояд бо ҳушёрӣ ин сиёсати шайтониро хунсо кард ва Ҳаҷ ва бароат (дурӣ-безорӣ) аз мушрикон, заминасози ин ҳушёрӣ аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи душанбе дар паёме ба ҳоҷиёни Хонаи Худо, таъйини як меодгоҳи доимӣ аз ҷониби Худованд барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро намоде барои ваҳдати мусулмонон ва умматсозии Ислом донистанд ва хотирнишон карданд, Ҳаҷ, дар ин макон ва дар ин маҳдудаи замонӣ, ҳамеша ва дар ҳамаи солҳо, бо забони расо ва мантиқи ошкор, мусулмононро ба иттиҳои фаро мехонад ва ин дар нуқтаи муқобили хости душманони Ислом аст, ки дар ҳамаи давронҳо ва бавижа дар ин даврон, мусулмононро ба сафороӣ дар баробари якдигар ташвиқ мекунанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба рафтори Амрикои мустакбир ва ҷинояткор афзуданд, сиёсати аслии Амрико дар баробари Ислом ва муслимин, ҷангафрӯзӣ, куштори мусулмонон ба дасти якдигар, золимонро ба ҷони мазлумон андохтан, аз ҷиноҳи золим пуштибонӣ кардан, ба дасти ӯ ҷиноҳи мазлумро бераҳмона саркӯб кардан ва оташи ин фитнаи ҳавлнокро ҳамвора тезу тунд кардан аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки мусулмонон бояд, ҳушёр бошанд ва ин сиёсати шайтониро хунсо кунанд, таъкид карданд, Ҳаҷ заминасози ин ҳушёрӣ аст ва ин фалсафаи бароат аз мушрикон ва мустакбирон дар Ҳаҷ аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳоҷиёни Хонаи Худо хостанд, дуо барои уммати исломӣ ва мазлумонро дар Сурия, Ироқ, Фаластин, Афғонистон, Яман, Баҳрайн, Либия, Покистон, Кашмир ва Миёнмор ва дигар нуқот фаромӯш накунанд ва қатъи дасти Амрико ва дигар мустакбирон ва аёди ононро аз Худованд бихоҳанд.