(AhlulBayt News Agency) -
The message of Imam Khamenei to the world Muslims on 2017 Hajj pilgrimage in TAJIK Language (Тоҷик).
____________________________________
Ба муносибати фаро расидани мавсими ҳаҷҷи иброҳимӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёми муҳиме ба ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром, бар таваққуфи фаврии ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳони Ислом таъкид карданд.
Матни ин паём, ки субҳи имрӯз (панҷшанбе) аз сӯйи ҳуҷҷатулислом валмуслимин Қозӣ Аскар, намояндаи валии фақеҳ ва сарпарасти зоирони эронӣ дар маросими “Бароат аз мушрикон дар саҳрои Арафот” қироат шуд, ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Валҳамдулиллоҳи раббил оламин вассалоту вассалому ъало сайидино Муҳаммад - хотамун набийин ва олиҳит тоҳирина ва саҳбиҳил мунтаҷибин.
Худои бузургро сипос мегӯем, ки имсол низ саодати ҳаҷгузориро ба шумори зиёди муъминон аз саросари ҷаҳон ато фармуд то аз ин сарчашмаи гуворо ва файёз бархурдор шаванд ва дар рӯзҳову шабҳое, ки соатҳои муғтанам ва муборакаш ҳамчун иксире метавонад дилҳоро мунқалиб ва ҷонҳоро покиза ва музайян созад, дар муҷовирати хонаи боазамати Худованд ва аз пайи ибодат ва фурӯтаниву зикру тақарруб бошанд.
Ҳаҷ-ибодате пуррозу рамз ва Байти Шариф-ҷойгоҳе саршор аз баракоти илоҳӣ ва мазҳари оёту байиноти ҳазрати Ҳақ таъоло аст. Ҳаҷ метавонад бандаи муъмин ва аҳли хушуъу тадаббурро ба мақомоти маънавӣ ноил созад ва аз ӯ инсоне воло ва нуронӣ бисозад, ҳамчунон ки метавонад аз ӯ унсуре бобасират ва шуҷоъ ва аҳли иқдому муҷоҳидат падид оварад. Ҳар ду сӯйи маънавӣ ва сиёсиву фардиву иҷтимоӣ дар ин фаризаи беназир басе барҷаста ва намоён аст ва ҷомеаи мусалмон имрӯз ба ду ҷанба басе ниёзманданд.
Аз сӯе, ҷодӯи моддигароӣ бо баҳрагирӣ аз абзорҳои пешрафта дар ҳоли иғвогарӣ ва табоҳсозӣ аст ва аз сӯе сиёсатҳои низоми султа дар кори фитнаангезӣ ва оташафрӯзӣ миёни мусалмонон ва табдили кишварҳои исломӣ ба дӯзахи ноамнӣ ва ихтилоф аст.
Ҳаҷ метавонад доруи шифобахши ин ҳар ду ибтилои азими уммати исломӣ бошад, ҳам дилҳоро аз зангорҳо пок ва ба нуру тақвову маърифат мунаввар созад ва ҳам чашмҳоро бар рӯйи воқеиятҳои дунёи Ислом боз кунад ва азмҳоро барои муқобила бо он росих ва гомҳоро устувору дастҳову зеҳнҳоро омода ба кор намояд.
Имрӯз дунёи Ислом дучори ноамнӣ аст, омили асосӣ ғафлати мо ва ҳуҷуми бераҳмонаи душманон аст. Мо дар баробари ҳуҷуми душмани нобакор ба вазифаи динӣ ва ақлии худ амал накардаем. Ҳам “ашиддоу ъалал куффор” (сахтгирӣ ба кофирон)-ро аз ёд бурдаем ва ҳам “...руҳамоу байнаҳум” (раҳму шафқат нисбати якдигар)-ро. Натиҷаи он аст, ки душмани саҳюнист дар қалби ҷуғрофиёи ҷаҳони Ислом дар ҳоли фитнагарӣ аст ва мо ғофил аз вазифаи қатъии наҷоти Фаластин, ба ҷанги дохилӣ дар Сурияву Ироқу Яману Либиву Баҳрайн, рӯёрӯӣ бо терроризм дар Афғонистону Покисон ва ғайра саргармем.
Раисони кишварҳои исломӣ ва нухбагони сиёсиву диниву фарҳангӣ дар дунёи Ислом вазоифи сангин бар дӯш доранд; вазифаи эҷоди ваҳдат ва барҳазар доштани ҳамагон аз ситезагариҳои қавмиву мазҳабӣ; вазифаи огоҳсозии миллатҳо аз шеваҳои душманӣ ва хиёнати истикбор ва саҳюнизм; вазифаи таҷҳизи ҳамагон барои муқобила бо душман дар майдонҳои гуногуни ҷанги нарму сахт; вазифаи мутаваққифсозии фаврии воқеаҳои фоҷебор дар миёни кишварҳои исломӣ, ки имрӯз намунаҳои талхи он ҳамчун ҳаводиси Яман дар саросари ҷаҳон мояи андӯҳ ва эътироз аст; вазифаи дифои қотеъ аз ақалиятҳои таҳти ситами мусалмононе ҳамчун мазлумони Мянмар ва ғайра ва аз ҳама муҳимтар вазифаи дифои Фаластин ва ҳамкориву ҳамроҳии бечуну чаро бо миллате, ки наздик ба 70 сол аст барои кишвари ғасбшудаи худ мубориза мекунад.
Инҳо вазифаҳои муҳиме бар дӯши ҳамаи мо аст. Миллатҳо бояд онро аз давлатҳои худ мутолиба кунанд ва нухбагон бояд бо азми росих ва нияти холис дар роҳи иҷрои он бикӯшанд. Ин корҳо мисдоқи қатъии нусрати дини Худо аст, ки бешак бар тибқи ваъдаи илоҳӣ нусрати Худоро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Инҳо бахше аз дарсҳои ҳаҷ аст ва умедворам онро фаҳм ва ба он амал кунем.
Ҳаҷҷи мақбул барои ҳамаи Шумо масъалат мекунам ва ёди шаҳидони Мино ва Масҷид-ул-Ҳаромро гиромӣ медорам ва улувви дараҷот (дараҷаи боло)-и ононро аз Худованди раҳиму карим талаб менамоям.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алии Хоманаӣ
ҳафтуми шаҳривари 1396
ҳафтуми зилҳаҷҷаи 1438
.............................................
/257