AhlulBayt News Agency

source : Leader.ir
Thursday

24 December 2015

1:09:43 PM
726678

Full Text;

Second Message of Ayatollah Khamenei to the Western Youth in Tajik

Second Message of Ayatollah Khamenei to the Western Youth in Tajik.

Бисмилоҳир раҳмони раҳим

Ба кулли ҷавонон дар кишварҳои ғарбӣ:

"Ҳаводиси талхе, ки терроризми кӯр дар Фаронса рақам зад, бори дигар моро ба гуфтугӯ бо шумо, ҷавонон барангехт. Барои ман таассуфовар аст, ки чунин рӯйдод бистари суханро бисозад, аммо воқеият ин аст, ки агар масоили дарднок заминае барои чораандешӣ ва асосе барои ҳамфикрӣ фароҳам накунад, хисорот дучандон хоҳад шуд. Ранҷи ҳар инсоне дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон ба худии худ барои ҳамнавъон андуҳбор аст . Манзараи кӯдаке, ки дар баробари дидагони азизон ҷон медиҳад, модаре, ки шодии хонаводааш ба азо мубаддал мешавад, шавҳаре, ки пайкари беҷони ҳамсарашро шитобон ба сӯйе мебарад ва ё тамошобине, ки намедонад, то лаҳазоти дигар охирин пардаи намоиши зиндагиро хоҳад дид, манзареҳое нестанд, ки эҳсосоти инсониро барнаангезанд. Ҳар касе, ки аз муҳаббату инсоният баҳра бурда бошад, аз дидани ин саҳнаҳо мутассиру муттааллим мешавад, чи дар Фаронса рух диҳад, чи дар Фаластин ва дар Ироқу Лубнону Сурия. Қатъан якуним миллиард мусалмон ҳамин эҳсосро доранд ва аз омилону сабабгорони ин фоҷеаҳо безоранд. Аммо масъала ин аст, ки ранҷҳои имрӯз агар мояи сохтани фардои беҳтар ва эминтар нашавад, фақат ба хотираҳои талху бесамар фурӯ хоҳад кост. Ман бовар дорам, ки танҳо шумо, ҷавонҳоед, ки бо дарс гирифтан аз сахтиҳои имрӯз қодир хоҳед буд, роҳҳои наве барои сохтани оянда биёбед ва садди бероҳаҳое шавед, ки Ғарбро ба нуқтаи кунунӣ рисондааст.

Дуруст аст, ки имрӯз терроризм дарди муштараки мову шумост, аммо лозим аст, бидонед, ки ноамнию изтиробе, ки дар ҳаводиси ахир таҷриба кардед, бо ранҷе, ки мардуми Ироқ, Яман, Сурия ва Афғонистон тайи солҳои дароз таҳаммул кардаанд, ду тафовути умдае дорад: нахуст ин ки ҷаҳони Ислом дар буъдҳои васеътар, дар ҳаҷми анбуҳтар ва ба муддати бисёри тӯлонитар қурбони ваҳшатафганӣ ва хушунат будааст. Дуввум ин ки мутаассифона, ин хушунат ҳамвора аз тарафи бархе аз қудратҳои бузург ба шеваҳои гуногун ва ба шакли муассир ҳимоят шудааст.

Имрӯз камтар касе аз нақши Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар эҷод ё тақвият ва бо силоҳ таъмин намудани Алқоида, Толибон ва натиҷаи амалҳои шуми онон беиттилоъ аст. Дар канори ин пуштибонии мустақими ҳомиёни ошкор ва шинохтаи терроризми такфирӣ бо вуҷуди доштани ақибмондатарин низомҳои сиёсӣ, ҳамвора дар радифи муттаҳидони Ғарб ҷой гирифтаанд ва ин дар ҳолест, ки пешрафтатарину равшантарин андешаҳои бархеста аз мардумсолориҳои пӯё дар минтақа, бераҳмона мавриди саркӯб қарор гирифтаанд. Бархӯрди дугонаи Ғарб бо ҷунбиши бедорӣ дар ҷаҳони Ислом намунаи гӯё аз тазод дар сиёсатҳои Ғарб аст.

Ҷеҳраи дигари ин тазод дар пуштибонӣ аз терроризми давлатии Исроил дида мешавад. Мардуми ситамдидаи Фаластин беш аз шаст сол аст, ки бадтарин навъи терроризмро таҷриба мекунанд. Агар мардуми Аврупо акнун чанд рӯзе дар хонаҳои худ паноҳ мегиранд ва аз ҳузур дар маҷомеъ ва марокизи пурҷамъе парҳез мекунанд, як хонаводаи фаластинӣ даҳҳо сол аст, ки ҳатто дар хонаи худ аз мошини куштору тахриби режими саҳюнистӣ дар амон нест. Имрӯз чӣ навъи хушунатеро метавон аз назари шиддати сангдилӣ бо шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ муқоиса кард? Ин режим бидуни ин ки ҳаргиз ба таври ҷиддӣ ва муассир мавриди сарзаниши муттаҳидони пурнуфузи худ ва ё лоақал ниҳодҳои ба зоҳир мустақили байналмилалӣ қарор гирад, ҳар рӯз хонаҳои фаластиниёнро вайрону боғу киштзорҳояшонро нобуд мекунанд. Бе он ки ҳатто фурсати интиқоли асбоби зиндагӣ ё маҷоли ҷамъоварии маҳсули кишоварзиро ба онон бидиҳад ва ҳамаи онҳо ағлаб дар баробари дидагони ваҳшатзада ва чашмони ашкбори занону кӯдакон рӯй медиҳанд, ки шоҳиди латукӯби аъзои хонаводаи худ ва дар мавориди интиқоли онҳо ба шиканҷагоҳҳои махуфанд. Оё дар дунёи имрӯз сангдилии дигареро дар ин ҳаҷм, абъод ва бо ин тадовуми замонӣ мешиносед? Ба тир задани бонуе дар хиёбон фақат ба ҷурми эътироз ба сарбози то дандон мусаллаҳ агар терроризм нест, пас, чист? Ин барбарият чун тавассути нерӯҳои низомии як давлати ишғолгар анҷом мешавад, набояд ифротгароӣ хонда шавад? Ё шояд ин тасовир фақат ба ин иллат, ки шаст сол ба такрор аз тариқи телевизион дида шуда, дигар набояд виҷдони моро таҳрик кунад?

Лашкаршиҳои солҳои ахир ба ҷаҳони Ислом, ки худ қурбониёни бешуморе дошт, намунаи дигаре аз мантиқи мутаноқизи Ғарб аст. Кишварҳои мавриди таҳоҷум илова ба зарари инсонӣ, зерсохторҳои иқтисодӣ ва санъатии худро аз даст додаанд. Ҳаракати онҳо ба сӯйи рушду тавсеа ба таваққуф ё кундӣ гароида ва даҳҳо сол ба ақаб баргаштанд. Бо вуҷуди ин густухона аз онон хоста мешавад, ки худро ситамдида надонанд. Чӣ гуна метавон кишвареро ба вайрона табдил кард ва шаҳру рустоҳоро ба хокистар нишонд, сипас ба онҳо гуфт, ки лутфан худро ситамдида надонанд?! Ба ҷойи даъват ба нафаҳмидан ё аз ёд бурдани фоҷеаҳо, оё урзхоҳии содиқона беҳтар нест? Ранҷе, ки дар ин солҳо ҷаҳони Ислом аз дурӯягӣ ва чеҳраороии муҳоҷимон кашидааст, камтар аз зарараҳои моддӣ нест.

Ҷавонони азиз! Ман умед дорам, ки шумо дар ҳол ё оянда ин зеҳрияти олуда ба тазвирро тағйир диҳед, ки ҳунараш пинҳон кардани аҳдофи давр ва ғаразҳои шайтонӣ аст. Ба назари ман, нахустин марҳила дар эҷоди амнияту оромиш ислоҳи ин андешаи хушунатзо аст. То замоне ки меъёрҳои дугона бар сиёсати Ғарб мусаллат бошад ва то вақте, ки терроризм дар нигоҳи ҳомиёни қудратмандаш ба анвои хубу бад тақсим шавад ва то рӯзе, ки манофеи давлатҳо бар арзишҳои инсонию ахлоқӣ тарҷеҳ дода шавад, набояд решаҳои хушунатро дар ҷойи дигар ҷустуҷӯ кард.

Мутаассифона, ин решаҳо тайи солҳои дароз ба тадриҷ дар умқи сиёсатҳои фарҳангии Ғарб низ рахна карда ва як ҳуҷуми нарму хомӯшро сомон додаанд. Бисёре аз кишварҳои дунё ба фарҳанги бумию миллии худ ифтихор мекунанд, фарҳангҳое, ки дар айни боландагӣ ва зоиш садҳо сол ҷавомеи башариро ба хубӣ ғизо додаанд, ҷаҳони Ислом низ аз ин амр мустасно набудааст. Аммо дар давраи муосир ҷаҳони Ғарб бо баҳрагирӣ аз абзори пешрафта бар шабеҳсозию ҳамонандсозии фарҳангии ҷаҳон пофишорӣ мекунад. Ман таҳмили фарҳанги Ғарб ба соири миллатҳо ва кӯчак шумурдани фарҳанги мустақилро як хушунати хомӯш ва бисёр зиёнбор талаққӣ мекунам. Таҳқири фарҳанги ғанӣ ва иҳонат ба муҳтарамтарин бахши онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки фарҳанги ҷойгузин ба ҳеҷ ваҷҳ аз зарфияти ҷонишинӣ бархурдор нест. Ба таври мисол, ду унсур - «пархошгарӣ» ва «бебандубории ахлоқӣ», ки мутаассифона, ба ҷузъи таркибии фарҳанги ғарбӣ табдил шудааст, мақбулият ва ҷойгоҳи онро ҳатто дар хостгоҳаш таназзул додааст. Савол ин аст, ки агар мо як фарҳанги ситезаҷӯ, мубтазал ва маъногурезро нахоҳем, гунаҳкорем? Агар монеи сели вайронгарӣ шавем, ки дар қолаби анвои маҳсулоти шибҳиҳунарӣ ба сӯйи ҷавонони мо равона мешавад, муқассирем? Ман аҳамият ва арзиши пайвандҳои фарҳангиро инкор намекунам. Ин пайвандҳо ҳар гоҳ дар шароити табиӣ ва бо эҳтиром ба ҷомеаи пазиро сурат гирифта, рушду боландагӣ ва ғановатро ба армуғон овардаанд. Дар муқобил, пайвандҳои ноҳамгуну таҳмилӣ номуваффақ ва хисоротбор будаанд. Бо камоли таассуф бояд бигӯям, ки гурӯҳҳои фурӯмояе мисоли ДИИШ зоидаи ин гуна пайвандҳои номуваффақ бо фарҳангҳои воридотӣ аст. Агар мушкил, воқеан, ақидатӣ буд, мебоист пеш аз асри истеъмор низ назири ин падидаҳо дар ҷаҳони Ислом мушоҳида шавад, дар ҳоле ки таърих хилофи онро гувоҳӣ медиҳад. Санадҳои мусаллами таърихӣ возеҳ нишон медиҳанд, ки ин гуна талаққии истеъмор бо як тафаккури ифротию радшуда, он ҳам дар дили як қабилаи бадавӣ , базри тундравиро дар ин минтақа кошт, вагарна чӣ гуна мумкин аст, аз яке аз ахлоқитарин ва инсонитарин макотиби динии ҷаҳон, ки дар матни бунёдини худ гирифтани ҷони як инсонро ба дараҷаи куштани ҳамаи башарият медонад, партове мисли ДИИШ берун биёяд?

Аз тарафи дигар бояд пурсид, чаро касоне, ки дар Аврупо мутаваллид шудаанд ва дар ҳамон муҳит парвариши фикрӣ ва рӯҳӣ ёфтаанд, ҷазби ин навъ гурӯҳҳо мешавад? Оё метавон бовар кард, ки афрод бо як-ду сафар ба манотиқи ҷангӣ ногаҳон он қадар ифротӣ шаванд, ки ҳамватанони худро гулӯлаборон кунанд? Қатъан набояд таъсири як умр тағзияи фарҳангии носолим дар муҳити олуда ва мутаваллиди хушунатро фаромӯш кард. Бояд дар ин замина таҳлили ҷомеъ дошт, таҳлиле, ки олудагиҳои пайдо ва пинҳони ҷомеаро биёбад. Шояд нафрати амиқе, ки тайи солҳои шукуфоии саноатӣ ва иқтисодӣ дар асари баробариҳо ва аҳёнан табъизҳои қонунӣ ва сохторӣ дар дили ақшоре аз ҷавомеи ғарбӣ кошта шуда, уқдаҳоеро эҷод карда, ки ҳар аз чанде беморгунае ба ин сурат гушуда мешавад.

Ба ҳар ҳол, ин шумо ҳастед, ки бояд лояҳои (қабатҳои) зоҳирии ҷомеаи худро бишикофед, гиреҳҳо ва кинаҳоро биёбед ва бизудоед. Халоҳоро ба ҷойи таъмиқ бояд тармим кард. Иштибоҳи бузург дар мубориза бо терроризм, вокунишҳои шитобзадаеанд, ки ихтилофоти мавҷудро афзоиш диҳад. Ҳар ҳаракати ҳаяҷонӣ ва шитобзада, ки ҷомеаи мусалмони сокини Аврупо ва Амрикоро, ки муташаккил аз миллионҳо инсони фаъол ва масъулиятпазир аст, дар инзиво ё ҳаросу изтироб қарор диҳад ва беш аз гузашта ононро аз ҳуқуқи аслиашон маҳрум созад ва аз саҳнаи иҷтимоъ канор гузорад, на танҳо мушкилро ҳал нахоҳад кард, балки фосилаҳоро амиқ ва кудуратро вусъат хоҳад дод. Тадобири сатҳӣ ва вокунишӣ, махсусан агар ҷиҳати қонунӣ биёбанд, ҷуз ин ки бо афзоиши қутббандии мавҷуд роҳро ба буҳронҳои оянда бикушояд, самари дигаре нахоҳад дошт. Тибқи ахбори расида, дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ муқаррароте ҷорӣ шудааст, ки шаҳрвандонро ба ҷосусӣ алайҳи мусалмонон вомедорад. Ин рафторҳо золимона аст ва ҳама медонем, ки зулм, хоҳу нохоҳ, хосияти баргаштпазирӣ дорад. Ва он гаҳ мусалмонон шоистаи ин носипосӣ нестанд. Дунёи Ғарб, қарор аст, ки мусалмононро ба хубӣ мешиносад, ҳамон рӯз, ки ғарбиён дар хоки Ислом меҳмон шуданд ва ба сарвати соҳибхона чашм дӯхтанд ва ҳам рӯзи дигар, ки мизбон буданд ва аз кору фикри мусалмонон баҳра ҷустанд, ағлаб ҷуз меҳрубонӣ ва шакебоӣ надиданд.

Бинобар ин ман аз шумо, ҷавонон мехоҳам, ки бар мабнои як шинохти дуруст ва бо жарфбинӣ ва истифода аз таҷрибаҳои ногувор бунёнҳои як таомули саҳеҳ ва шарофатмандонаеро бо ҷаҳони Ислом пайрезӣ кунед. Дар ин сурат, дар ояндаи начандон дур хоҳед дид, биное, ки бар чунин асосе устувор кардаед, сояи итминон ва эътимодро бар сари меъморонаш мегустаронад, гармои амнияту оромишро ба онон ҳадя медиҳад ва фурӯғи умед ба ояндаи рӯшанро бар саҳфаи гетӣ метобонад.



Сайид Алии Хоманаӣ,
8 озари соли 1394
(29 ноябри 2015)