AhlulBayt News Agency

source : al Mustafa
Tuesday

27 January 2015

10:42:38 AM
667471

Full Text;

Message of Ayatollah Khamenei to the Youth in Europe and North America in TAJIK

Message of Ayatollah Khamenei to the Youth in Europe and North America in TAJIK

ПАЁМИ РАҲБАРИ ЭРОН ХИТОБ БА ҶАВОНОНИ АВРУПО ВА АМРИКОИ ШИМОЛӢ

Дар пайи ҳаводисе, ки ахиран дар Фаронса иттифоқ афтодааст, Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ паёмеро содир намудаанд, ки дар нашрияҳои аврупоӣ ва амрикоӣ садо додааст

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ба тамоми ҷавонон дар Аврупо ва Амрикои шимолӣ!

Ҳаводиси ахир дар Фаронса ва воқеаҳои мушобеҳ дар баъзе аз дигар кишварҳои ғарбӣ маро ба ин натиҷа расондааст, ки дар бораи онҳо бевосита бо шумо сухан бигӯям.

Ман шумо ҷавононро мухотаби худ қарор медиҳам; на ба ин сабаб, ки падарону модарони шуморо нодида мегирам, балки ба ин сабаб, ки ояндаи миллат ва сарзаминатонро дар дастони шумо мебинам ва низ ҳисси ҳақталабиро дар қалбҳои шумо зиндатар ва ҳушёртар меёбам.

Ҳамчунин дар ин навиштор ба сиёсатмадорон ва давлатмардони шумо хитоб намекунам, чун бар ин бовар ҳастам, ки онон огоҳона роҳи сиёсатро аз масири садоқат ва дурӯстӣ ҷудо кардаанд.

Сухани ман бо шумо дар бораи Ислом аст ва ба таври хос дар бораи тасвир ва чеҳрае, ки аз Ислом ба шумо пешкаш мегардад.

 Аз ду даҳа пеш ба ин тараф, яъне тақрибан пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ (СССР) талошҳои зиёде шудааст, то ин дини бузург дар ҷойгоҳи душмани тарснок нишон дода шавад. Таҳрики эҳсоси тарсу ваҳшат ва нафрат ва баҳрагирӣ аз он, бо таассуф собиқаи тулонӣ дар таърихи сиёсии ғарб дорад.

Ман дар ин ҷо намехоҳам ба тарсу ҳаросҳои гуногӯне, ки то кунун ба миллатҳои ғарбӣ баён шудааст, бипардозам. Шумо худ бо муруре кутоҳ бар мутолиоти интиқодии ахир пиромуни таърих, мебинед, ки дар таърихнигориҳои ҷадид рафторҳои ғайри содиқона ва музаввирона(шайтанатомез)-и давлатҳои ғарбӣ бо дигар миллатҳо ва фарҳангҳои ҷаҳон накӯҳиш шудааст. Таърихи Аврупо ва Амрико аз бардадорӣ шармсор аст, аз давраи истеъмор сарафканда аст, аз ситам бар рангинпустон ва ғайри масеҳиён хиҷилу шармсор аст; муҳаққиқон ва муаррихони шумо аз хунрезиҳое, ки ба номи мазҳаб байни Котолик ва Протистон ва ё ба исми “миллият”у “қавмият” дар ҷангҳои аввалу дуюми ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, ибрози сарафкандагии амиқ мекунанд.

Ин ба худии худ ҷои таҳсин дорад ва ҳадафи ман низ аз бозгӯ кардани бахше аз ин феҳристи дароз сарзаниши таърих нест, балки аз шумо мехоҳам аз равшанфикрони худ бипурсед:

 

-           Чаро виҷдони ҳамагонӣ дар ғарб бояд бо таъхире чандаҳсола ва гоҳе садсола бедор ва огоҳ шавад?

-          Чаро бознигарӣ дар виҷдони ҷамъӣ, бояд фақат дар бораи гузаштаҳои дур бошад, на масъалаҳои рӯз?

-          Чаро дар мавзӯи муҳимме ҳамчун шеваҳои бархурд бо фарҳангу андешаҳои исломӣ аз шаклгирии огоҳии ҳамагонӣ пешгирӣ мешавад?

Шумо ба хубӣ медонед, ки таҳқиру эҷоди нафрат ва тарси хиёлӣ аз дигарон заминаи мушатраки ҳамаи он судҷӯиҳои ситамгарона будааст.

Акнун ман мехоҳам аз худ бипурсед, ки:

-           Чаро сиёсати қадимии ҳаросафканӣ ва нафратпароканӣ ин бор бо шиддати бемонанд (ва бисёр) Ислом ва мусалмононро ҳадаф гирифтааст?

-           Чаро сохтори қудрат дар ҷаҳони имрӯз мойил аст (мехоҳад), ки тафаккури исломӣ дар ҳошия ва канор дар ҳоли инфиъол ва таъсирпазирӣ қарор гирад?

-          Магар чӣ маъонӣ ва арзишҳое дар Ислом мухолифи барномаҳои қудратҳои бузург аст ва чӣ манфиатҳое дар сояи тасвирсозии ғалат аз Ислом таъмин мегардад?

-          Пас хостаи аввали ман ин аст, ки дар бораи ангезаҳои ин сиёҳнамоии густарда бар зидди Ислом пурсиш ва ҷустуҷӯ кунед. Хостаи дуюми ман ин аст, ки дар нишон додани аксулъамал ба сейли пешдовариҳо ва таблиғоти манфӣ талош кунед, ки шинохти бевосита аз ин дин ба даст оваред. Мантиқи солим иқтизо мекунад, ки ҳадди ақал бидонед он чӣ шуморо аз он мегурезонанд ва метарсонанд, чист ва чӣ моҳийяте дорад.

-           Ман исрор намекунам, ки бардошти ман ё ҳар фаҳми дигаре аз Исломро бипазиред, балки мегӯям иҷоза надиҳед, ки ин воқеияти пуё ва асаргузор дар дунёи имрӯза бо ғаразу ҳадафҳои олуда ба шумо шиносонда шавад. Иҷозат надиҳед риёкорона терористҳои таҳти хидмати худро ҳамчун намояндагони Ислом ба шумо муаррифӣ кунанд. Исломро аз роҳи манбаъҳои аслӣ ва маъхазҳои дасти аввали он бишиносед.

-           Бо Ислом аз роҳи Қуръон ва зиндагии Паёмбари бузурги он (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ошно шавед.

-                   Ман дар инҷо мойилам бипурсам:

-          -  Оё то кунун худ бевосита ба Қуръони мусалмонон муроҷиа кардаед?

-          -  Оё таълимоти Паёмбари Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва омӯзаҳои инсонӣ ва ахлоқии ӯро мутолиа кардаед?

-           - Оё то имрӯз ба ҷуз аз расонаҳо паёми Исломро аз манбаи дигаре дарёфт кардаед?

-          -  Оё ҳаргиз аз  худ пурсидаед, ки ҳамин Ислом чӣ гуна ва бар асоси чӣ арзишҳое дар тули ин қарнҳо, бузургтарин тамаддуни илмӣ ва фикрии ҷаҳонро парвариш дод ва бартарин донишмандон ва мутафаккиронро тарбият кард?

-          Ман аз шуммо мехоҳам, то ки иҷозат надиҳед бо чеҳрапардозиҳои тавҳиномез ва паст, байни Шумо ва воқеият девори отифӣ ва эҳсосӣ эҷод кунанд ва имкони доварии бетарафонаро аз шумо бигиранд!

-           Имрӯз, ки абзорҳои иртиботӣ марзҳои ҷуғрофиёиро шикастааст, иҷозат надиҳед, то шуморо дар марзҳои сохтагӣ ва зеҳнӣ маҳсуру зиндонӣ кунанд.

-          Агар чӣ ҳеҷ кас ба сурати фардӣ наметавонад шикофҳои эҷодшударо пур кунад, аммо ҳар як аз шумо метавонад ба қасди равшангарии худ ва муҳити атрофаш, пуле аз андеша ва инсоф бар рӯи он шикофҳо бисозад.

-          Ин чолиш (мушкилӣ ва монеа)-и аз пеш тарҳрезишуда байни Ислом ва шумо ҷавонон, ҳарчанд ногувор аст, аммо метавонад пурсишҳои наверо дар зеҳни кунҷков ва ҷустуҷӯгаратон эҷод кунад.

-          Талош дар роҳи ёфтани посӯхи ин пурсишҳо фурсати муносиберо барои кашфи ҳақиқатҳои нав пеши рӯи Шумо қарор медиҳад.

-          Бино бар ин, ин фурсатро барои фаҳми саҳеҳ ва дарки бидуни пешдоварӣ аз Ислом, аз даст надиҳед, то шояд ба юмн (баракат)-и масъулиятпазирии шумо дар боробари ҳақиқат, ояндагон ин бахш аз таърихи таомули ғарб бо Исломро бо озурдагии камтар ва виҷдони осудатар ба нигориш дароваранд.

-           

-          Сайид Алии Хоманаӣ

-          1,11,1393 Шамсӣ

-          21,1,2015 Мелодӣ

-          29/5/1436 Қамарӣ




/129