Message of Imam Khamenei on 2021 Hajj pilgrimage, in TAJIK

Message of Imam Khamenei on 2021 Hajj pilgrimage, in TAJIK

In his message to 2021 Hajj, the Leader of the Islamic Revolution emphasized that over the last 150 years Muslim nations have mostly been subject to the aggressive western countries’ greed, interference and malevolence. Imam Khamenei also stressed that the Islamic nation must make up for the past and “resist” against such aggression.

AhlulBayt News Agency (ABNA): Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба муносибати айёми Ҳаҷ, истимрори ҳасрати дилҳои муштоқ аз ҳузур дар зиёфати Байтуллоҳро имтиҳоне гузаро хонданд ва бо таъкид бар лузуми камранг нашудани паёмҳои ҳаҷ, муқовимат дар баробари қудратҳои мутаҷовиз, бавижа Амрикоро, аз ҷумлаи ин паёмадҳои мутаолӣ донистанд.

Эшон зимни ишора ба мушкилот ва ногувориҳои  дунёи ислом, сарбарафроштани унсурҳои муқовимат ва бедории бахусус  дар Фаластин, Яман ва Ироқро аз воқеиятҳои умедофарини минтақа хонданд ва таъкид карданд: Ваъдаи содиқи илоҳӣ, нусрати муҷоҳидон аст ва нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрико ва дигари зӯргӯён аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломӣ аст.

Матни паёми Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Вал ҳамду лиллоҳи раббал оламин ва саллалоҳу ала Муҳаммади ва оли тоҳирин ва саҳбал мунтаҷибин ва ман табъаҳум бииҳсони ило явмиддин.

Бародарону хоҳарони мусулмон дар саросари ҷаҳон!

Имсол низ уммати исломӣ аз неъмати азими ҳаҷ маҳруми монданд ва дилҳои муштоқ, бо оҳу афсӯс, зиёфат дар хонаи муҳтарамеро, ки худои ҳакиму раҳим барои мардум бино ниҳодааст, аз даст доданд.

Ин дувумин солест, ки мавсими шодмонӣ ва баҳҷати маънавии ҳаҷ, ба мавсими фироқу ҳасрат табдил мешавад ва балои бемории ҳамагир ва шояд низ балои сиёсатҳои ҳоким бар ҳарами шариф, чашми муштоқи мӯъминонро аз мушоҳидаи намоди ваҳдату азимат ва маънавияти уммати исломӣ маҳрум месозад ва ин қуллае пуршукӯҳу сарафрозро бо абр ва ғубор мепӯшонад.

Ин имтиҳоне ҳамчун дигар имтиҳонҳои гузарои торихи уммати исломист, ки метавонад фардои тобнок дар пай дошта бошад; муҳим он аст ки ҳаҷ дар шаклҳои ҳақиқиаш дар дилу ҷони оҳоди мусулмонон зинда бимонад ва акнун, ки колбуди маносикии он муваққатан ҳузур надорад, паёми мутаъолии он камранг нашавад.

Ҳаҷ, ибодате пуррамзу роз аст. Сохту таркиби зебои ҳаракат ва сукун дар он, созандаи ҳувияти фарди мусулмон ва ҷомеъаи мусулмон ва намоишдиҳандаи зебоиҳои он дар чашми ҷаҳонён аст. Аз сӯе дилҳои оҳоди бандагонро бо зикру хушӯъ ва тазаррӯъ, уруҷи маънавӣ мебахшад ва ба худо наздик мекунад  ва аз сӯе бо пӯшиш ва пӯиши яксон ва ҳаракоти ҳамоҳанг   бародаронро, ки аз чаҳор гӯшаи ҷаҳони гирд омадаанд   ба якдигар пайванд медиҳад  ва аз сӯе бартарин намоди уммати исломиро бо ҳамаи маносики пурмаънӣ ва розолудаш дар баробари чашми ҷаҳонён мегузораду азму азимати умматро ба рухи бадхоҳон мекашад.

Имсол, ҳаҷи Байти муъаззам дар дастрас нест, вале тавваҷӯҳ ба раббул байт ва зикру хушӯъ ва тазаррӯъу истиғфор дар дастрас аст; ҳузур дар Арафот муяссар нест, аммо дуъо ва муноҷоти маърифатафзо дар рӯзи арафа муяссар аст; Рамии шайтон дар Мино мумкин нест, аммо дафъу тарди шаётини қудратталаб дар ҳама ҷо мумкин аст; ҳузури якпорчаии баданҳо дар гирди Каъба фароҳам нест, аммо ҳузури якпорчаии дилҳо бар гирди оёти равшани қуръони Карим ва эътисом ба Ҳаблуллоҳ  вазифаи ҳамешагист.

Мо пайравони ислом, ки имрӯз аз ҷамъияти азим, сарзамини густарда, сирватҳои табии бешумор ва миллатҳои зинда ва бедор бархӯрдорем бояд бо доштаҳо ва мумкинҳои худ  ояндаро рақам бизанем. Миллатҳои мусулмон дар 150 соли ахир нақше дар сарнавишти кишварҳо ва давлатҳои худ надошта ва ба ҷузи истисноҳои маъдуд, яксара бо сиёсати давлатҳои мутаҷовизи ғарбӣ мудирият шуда ва дастхуши тамаъварзӣ ва дахолату шарорат  онҳо будаанд. Ақабмондагии илмӣ ва вобастагии сиёсии имрӯзи  бисёре аз кишварҳо маҳсули он инфеъол ва бекифоятист. Миллатҳои мо, ҷавонони мо, донишмандони мо, уламои динӣ ва равшанфикрони мадании мо, сиёсатварзон ва аҳзобу ҷамъиятҳои мо имрӯз бояд он гузаштаи беифтихору шармоварро ҷуброн кунанд; бояд боистанд ва дар баробари зӯргӯӣ ва дахолату шарорати қудратҳои ғарбӣ «муқовимат » кунанд.

Ҳамаи сухани Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дунёи  истикборро нигарон ва хашмгин кардааст, даъват ба ин муқовимат аст: Муқовимат дар баробари дахолату шарорати Амрико ва дигари қудратҳои мутаҷовиз ва ба даст гирифтани сарриштаи ояндаи дунёи  ислом бо такя бар маорифи исломӣ.

Табиатани Амрико ва ҳамроҳонаш дар баробари унвони « муқовимат » дучор ҳассосиятанд ва ба анвоъи душманӣ бо «Ҷибҳаи муқовимати исломӣ » камар бастаанд. Ҳамроҳии бархе аз давлатҳои минтақа бо онон низ воқеияти талхӣ дар ҷиҳати тадовуми он шароратҳост.

Сироти мустақиме, ки маносики ҳаҷ - саъй ва тавофи  Арафот ва Ҷамарот - ва шаъоиру шиква ва ваҳдати ҳаҷ ба мо нишон медиҳад  таваккул ба худо ва тавваҷӯҳ ба қудрати лоязоли илоҳӣ, эътимод ба нафси миллӣ, эътиқод ба талошу муҷоҳидат ва азми росих бар ҳаракат, умеди вофир ба пирӯзӣ аст.

Воқеъиёти саҳна дар минтақаи исломӣ бар ин умед меафзояд ва он азмро тақвият мекунад. Аз сӯе ногувориҳои дунёи ислом ақаби мондагиҳои илмӣ ва вобастагиҳои сиёсӣ ва нобасомониҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ моро дар баробари вазифае бузургу муҷоҳидате хастагинопазир қарор медиҳад; Фаластини мағсуб моро ба ёрӣ металабад;  Ямани мазлум ва хунолуд дилҳоро ба дард меоварад; масоиби Афғонистон  ҳамаро нигарон месозад ; ҳаводиси талх дар Ироқу Суриява Лубнон ва бархе дигар аз кишварҳои мусулмон, ки дасти шарорату дахолати Амрико ва ёронаш дар он машҳуд аст, ғайрату ҳиммати ҷавононро бармеангезад ва аз сӯи дигар , сарбарафроштани аносури муқовимат дар ҳамаи ин хиттаи ҳассос ва бедории миллатҳо, ангезиши насли ҷавон ва пурнишот, дилҳоро лабрез аз умед мекунад; Фаластин дар ҳамаи бахшҳои худ « шамшери Қудс»-ро аз нийём берун мекашад; Қудс, Ғазза ва Карона ва сарзаминҳои 48 ва урдӯгоҳҳо ҳама бармехезанд ва дар тайи дувоздаҳ рӯз бинии мутаҷовизро ба хок мемоланд;  Ямани маҳсур ва танҳо, ҳафт сол ҷангу ҷиноят ва мазлумушии душмани шарур қасиюл қалбро тоб меоварад ва бо вуҷуди қаҳти ғизо ва дору ва имконоти зистӣ, таслими зӯргӯён намешавад ва онҳоро бо иқтидору ибтикори худ саросема мекунад; дар Ироқ  аносури муқовимат бо забони расо ва сареҳ,  Амрикои  ишғолгар ва ДИИШ  дастнишондаи онро ба ақаб  меронанду азми росихи худ бар муқобила бо ҳар навъи дахолату шарорат аз сӯи  Амрико ва ҳамроҳонашро белакнат иброз медоранд.

Талоши таблиғотии амрикоиён барои таҳрифи азму хоста ва амали ҷавонони ғаюру аносури « муқовимат » дар Ироқу Сурия ва Лубнону дигари кишварҳо ва мунтасаб кардани он ба Эрон ё ҳар марҷаъи дигар, тавҳин ба он ҷавонони шуҷоъу бедорва ношӣ аз адами фаҳму дарки дурусти амрикоиҳо аз миллатҳои ин минтақа аст .

Ҳамин дарки ғалат мӯҷиб шуд, ки Амрико дар Афғонистон таҳқир шавад  ва пас аз он вуруди пурсару садо дар бист соли пеш ва пас аз ба кор бурдани силоҳу бомба ва оташ дар баробари мардум бедифо ва ғайринизомӣ худро дар ботлоқ ҳис кунаду нерӯ ва абзори низомии худро аз он берун  барад. Албатта миллати бедори афғон бояд муроқиби абзорҳои иттилоотӣ ва силоҳҳои ҷанги нарми Амрико дар кишвараш бошаду ҳушёрона дар баробар он боистад.

Миллатҳои минтақа нишон додаанд, ки бедор ва ҳушёранд ва роҳу рӯйкарди онон аз бархе давлатҳо, ки барои розӣ нигаҳ доштани Амрико ҳатто ба хостаи ӯ дар масаълаи ҳаётии Фаластин тан медиҳанд ҷудо аст; давлатҳое, ки бо режими ғосиби саҳюнист  ошкору пинҳон, нарди дӯстӣ мебозанд, яъне ҳаққи миллати Фаластинро дар меҳани торихиаш инкор мекунанд. Ин, дастбурд ба сармояи фаластиниҳост. Онҳо ба тороҷи сармояҳои табиии кишварҳои худ басанда накарданд ва акнун сармояи миллати Фаластинро тороҷ мекунанд.

Бародарону хоҳарон!

Минтақаи мо ва ҳаводиси сареъу гуногуни он, намоишгоҳи дарсҳо ва ибратҳост; аз сӯе қудрати ношӣ аз муҷоҳидату муқовимат дар баробари зӯргӯии мутаҷовиз  ва аз сӯе зиллати ношӣ аз таслиму изҳори заъфу таҳаммули таҳмилҳои ӯ.

Ваъдаи содиқи илоҳӣ, нусрати муҷоҳидони роҳи худост: Инна тансуру Аллаҳа янсурукум васаббит ақдамакум.

 Нахустин асари ин муҷоҳидат, боздоштани Амрико ва дигари зӯргӯёни байналмилалӣ аз дахолату шарорат дар кишварҳои исломист, иншоаллоҳ.

Аз худованди мутаъол  нусрати миллатҳои мусулмонро масалат мекунам ва ба ҳазрати Бақияллоҳ ( арвоҳано  фидоа ) дуруд мефииристаму улваи дараҷоти Имом Хумайнии азимушшаън ва шуҳадои бузургворро аз худо металабам.

Вассалом ало ибодиллоҳи солиҳин

Сайид Алии Хоманаӣ

26 тирмоҳи 1400 6 зилҳиҷҷаи 1442

....................................

End/ 257


Related Articles

Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*